БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ТАҲЛУКА НААФТИДА, ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМРО ПЕШ ГИРЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ дар деҳаи Ҳаёти нав бо усули «хона ба хона» миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир карда истодаанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар чорабинӣ чигуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи гегиенаи оилавӣ, худ ва дигаронро ҳифз намудан аз бемории сироятии коронавирус тавсияҳо дода, таъкид намуданд, ки моро мебояд, ки ба таҳлука наафтида, тарзи ҳаёти солимро пеш гирем, ба табибони худ бовар кунем ва ба зиндагӣ хушбин бошем ва ҳамеша тарғибгари ҳаёти солим буда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз гигиенаи шахсӣ оғоз карда, то ба оилавӣ риояи катъӣ намоем, то худ ва дигаронро эмин нигаҳ дорем.

Дар ин маврид масъулин  дар суҳбат ба сокинон ба кишту кори баҳорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани маҳсулот ғизоӣ ва саҳмашон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ таъкид намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирусро дастрас карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg