БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЛИЕВ БЕРДӢ САЗОВОРИ ОРДЕНИ 75-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо фармони Президенти Федератсияи Руссия сокини шаҳри Левакант собиқадори ҷангу меҳнат Валиев Бердӣ бо ордени 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои хизматҳои шоиста қадр карда шуд.

Ордени ҷашниро дар арафаи 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Комиссари ҳарбии шаҳри Левакант Б.Махсумов ба соҳибаш Валиев Бердӣ тақдим намуд.

Ёдрас мешавем, ки Валиев Бердӣ зодаи шаҳри Левакант буда, Институти педагогии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 1967 шурӯъ гардида,  дар вазифаҳои гуногун-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, директори муассисаи таълимӣ, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросим дар  шаҳри Левакант, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Нури Сарбанд”, директори мМаркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳр, мушовири фанни забон ва адабиёти Кабинети методии бахши маорифи шаҳри Левакант  кор ва фаъолияти пурсамар намудааст. Фаъолияти умумии собиқаи кориаш 53  солро ташкил медиҳад.

Мавсуф узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Аълочии маорифи халқ мебошад. Ӯ соли 1968 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР шомил шуда, дар Ҷумҳурии Украина ҳамчун разведчик (мото-разведчик) хизмати Ватан-Модарро содиқона адо кардааст.

Валиев Бердӣ аскари башардӯст буда, дар ҷанги Чехословакия ва Афғонистон иштирок карда, дар ҷанги шаҳрвандии соли 1992 барои барқарор намудани давлати сохти конститутсионӣ хизмат намуда, узви фаъоли “Фронти халқӣ” буд. Инчунин, ӯ таъби шоирӣ дошта, шеърҳояш дар рӯзномаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ пайваста бо тахаллуси Ҷазмӣ чоп мешаванд. Соли 2019 дар озмуни ҷумҳуриявии “Шеъри беҳтарин” иштирок намуда, дар ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал шуда, бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардидааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg