БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ НАҶИБ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён аз ҳавзаи интихоботии №27  Равшанзода Абдувалӣ  дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба ҳавзаи интихоботиаш ташриф оварда, ба сокинони деҳаҳои Пахтақайнар, ба номи Сироҷиддин  Фаттоев ва Навкори Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол  корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ  ба роҳ монданд. Ҳамзамон, 50 дона ниқоби тиббӣ, 50 адад маводи антисептикӣ  ва маҳлули хлор 50 кг бо дастгирии вакил ба мардуми ниёзманд дастрас карда шуд. Дар рафти вохӯриҳо вакили мардумӣ иброз намуд, ки ҳамчун вакил барои мубориза бо вабои аср бетараф нест  ва барои дасти кумак дароз намудан ба сокинон ҳамеша омодааст.

Сокинони деҳаҳои мазкур  сипосгузории хешро ба давлату ҳукумат, пеш аз ҳама ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg