КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи Авзалии Ҷамоати шаҳраки Бохтариён ба хотири фарогирии сокинон бо маводҳои таблиғотӣ оид ба роҳҳои муҳофизат аз коронавирус ва нишонаҳои он бо усули “хона ба хона” чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, масъулин дар баробарди тақсими маводҳои таблиғотӣ, қайд карданд, ки агар таби баланд, сулфа, душворшавии нафаскаширо дар худ мушоҳида намудед, аз ниқоби яккарата истифода бурда, ҳатман ба духтури минтақавӣ муроҷиат намоеду ба худтабобаткунӣ машғул нашавед.