КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин чораҳои зарурӣ андешем. Истифодабарии самараноки замин ҳам ба буҷети оилавӣ фоидаовар аст ва ҳам барои бозори истеъмолии мамлакат, ин ҳамаро кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо усули “хона ба хона” ба сокинони деҳаи 60-солагии Тоҷикистон воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён фаҳмониданд.
Инчунин, оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус масъулин иброз доштанд, ки риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошад.
Ҳамзамон, бо мақсади истифодаи оқилонаи замин ва пешгирӣ аз паҳншавии бештари бемории коронавирус масъулин маводҳои таблиғотиро оид ба масъалаҳои баёнгардида ба мардуми деҳа дастрас карданд.