БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҚИБАТҲОИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Воқеан ҳам, имрӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди сирояти нави коронавируси навъи COVID-19 ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ пешгӯйнашаванда гардида, тамоми мардуми оламро ноорому осебпазир намудааст ва мушкилиҳои зиёдро пеш овардааст. Мувофиқи таҳлилу пешгӯии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо  вазъият дар ҷаҳон боз ҳам мушкил мегардад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли ҷорӣ расман эпидемияи коронавирусро пандемия эълон кард. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ин созмон бо вирусе, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Хитой ошкор гардид, қариб 4 миллион нафар одамон дар 210  кишвари дунё сироят ёфтаанд. Барои пешгирӣ намудани паҳншавии босуръати коронавирус ҳамаи кишварҳо сарҳадҳои худро баста, гардиши миллионҳо нафар одамонро бо ин роҳ маҳдуд намуданд ва амалиётҳои тиҷоратиро боздоштанд. Андешидани чунин чораҳо ба суст шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар умум боис гардида, ҳамзамон, ба фаъолияти бозорҳои байналмилалии молиявӣ таъсири худро расонидааст ва боиси паст рафтани нархи коғазҳои қиматноки ширкатҳои бонуфузи дунё гаштааст. 

Пешгӯии дақиқи зарари ин бемориро то ҳол ягон кишвари дунё муайян накардааст. Аммо дар асоси таҳлилҳои коршиносон якчанд оқибатҳои манфии ин пандемияро барои иқтисодиёти ҷаҳон номбар намудан мумкин аст: пастравии сатҳи истеҳсолот, ихтисоршавии ҷойҳои корӣ (махсусан дар бахши хизматрасонӣ), паст гардидани даромаднокии бонкҳо аз ҳисоби бад шудани вазъи молиявии қарзгирандагон, коҳишёбии даромадҳои бахши сайёҳӣ. Дар натиҷаи таъсири манфии ин омилҳо арзёбии рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ 2,4 фисад пешгӯӣ гардида истодааст,  ки аз пешгӯии аввала 2,9 фисад камтар аст. 

Ҳамзамон, тибқи арзёбиҳои гуногун то охири моҳи майи соли ҷорӣ иқтисоди ҷаҳонӣ  метавонад аз 1,2 то 1,5 фоизи иқтидори умумии худро аз даст диҳад. Гузашта аз ин, коршиносон қайд менамоянд, ки дар ин ҳолат фаъолияти соҳибкории хурду миёна бештар зарар мебинад. Барои муқоиса чунин маълумотро овардан мумкин аст: дар семоҳаи чоруми соли 2008,  ки аз ҷиҳати буҳрон семоҳаи аз ҳама вазнин ҳисобида мешуд, коҳишёбӣ ба 1,6 фоиз баробар буд. Мутобиқи пешгӯӣ дар сурати амалӣ шудани сенарияи ресессияи ҷиддӣ бошад, сатҳи коҳишёбии иқтисодиёти ҷаҳонӣ боло рафта, он дар соли 2020-ум 2,5 фоиз манфӣ арзёбӣ мегардад ва танҳо соли 2021 вазъ каме беҳбудӣ ёфта, то 3 фоиз мусбӣ афзоиш меёбад. Коршиносон андеша доранд, ки  пандемияи коронавирус  дар ин ду соли наздик ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ 5 триллион доллар зарар мерасонад ва оқибатҳои он барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дар баробари он барои кишвари мо низ назар ба буҳрони иқтисодии солҳои 2008-2009 вазнинтар арзёбӣ мегардад.

Тавре болотар ишора кардем, бемории коронавирус ба ҳама кишварҳои ҷаҳон, бахусус ба Россия ва Чин, ки шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, таъсири манфӣ расонида, дар мавриди сустшавии иқтисодиёти онҳо эҳтимолияти таъсири он ба иқтисодиёти мамлакати  мо  низ дар назар аст. Аз ҷумла, коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёт ва саривақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ метавонад ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъсири манфии худро зиёдтар расонад.

Дар атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва иқтисодиёти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои дунё ҷиҳати дар сатҳи муайян нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти миллӣ иқдомҳои нек амалӣ намуда, талошҳои қотеона ва саривақтӣ бурда истодааст.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ доранд.

Ҳукумати кишвар тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти ниёзи аввалро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ҳамзамон, барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани киштукори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти хӯрокворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа босуръат идома дорад. Қабл аз ҳама пешгирӣ, чораҷӯӣ аз ин беморӣ ва тақвият додани низомҳои миллӣ барои таъмини омодагии низоми тандурустӣ роҳандозӣ гардида, барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.

Ҳамзамон, аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемия ва оқибатҳои он назаррас буда, тамоми мардуми кишвар амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек анҷом дода истодаанд. Хушбахтона, дар ин рӯзҳои мушкил шумораи шахсони соҳибдилу накӯкор ва соҳибкорони саховатпеша хеле зиёд буда, воқеан ҳам мояи  ифтихори миллии мо дар байни дигар халқу миллатҳо мебошад. Соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори ватанӣ ва бурунмарзии мо ба хотири ҳифзи сиҳатӣ ва офияти мардум  аз бемории хатарнок ба муборизаи дастаҷамъона ҳамроҳ шуда, барои ҳалли саривақтии муаммою мушкилоти мавҷуда камари ҷавонмардӣ бастаанд. Ин ҳама сарҷамъию муттаҳидии миллати тоҷик ба шарофати иқдомҳои наҷибона дар пайравӣ аз амалҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, зеро ба таъкиди Сарвари давлат дар рӯзҳои сахту вазнин дасти ёрию кумак дароз намудан ба эҳтиёҷмандону ниёзмандон аз некутарин амалҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Чи тавре ки коршиносон аз таҷрибаи кишварҳои дунё муайян намудаанд, ду роҳи мубориза бо ин вирус пеш гирифта шудааст. Қабл аз ҳама, ин карантини шадид аст, ки дар натиҷаи он тамоми корхонаҳо аз кор мемонанд ва одамон дар хонаҳои худ қарор мегиранд. Роҳи дигар,  карантини нарм аст, ки одамон дар ин ҳол ба кори маъмулии худ идома медиҳанд ва музду маошашонро аз кори маъмулии худ пайдо мекунанд. Вале риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва манъи маъракаҳои серодам имкон медиҳад, ки раванди мубтало шудан ба ин маризӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад.

Имрӯз мо пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад, ки аз болои ин вируси аср дастболо гардем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки атрофи Роҳбари давлат сарҷамъ гардида, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастаҷамъона ҳаллу фасл намоем. Бо боварии комил ва иродати қавӣ имрӯз метавон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон аз ин имтиҳонҳои сангину мураккаби замон  сарбаландона  гузашта истодаанд.

Дар чунин лаҳзаҳои барои мардум душвор, мо-вакилони мардумӣ бо тамоми ҳастӣ дар паҳлӯи миллату давлати худ буда, талош менамоем, ки  дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада, ба интихобкунандагони худ кумак расонем. Ҳамзамон, ҳамаи захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус самаранок истифода намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда истодаем.

Мо итминони комил дорем, ки бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кумаку дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ, бо саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳотамон ин мушкилотро паси сар мекунем, аз ин вабои аср раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем, Ватани азизамон-Тоҷикистонро боз ҳам ободу зеботар мегардонем.

Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, номзади илмҳои иқтисодӣ, узви Фраксияи ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg