БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИРО ГАНҶИ БЕБАҲО ГУФТААНД БУЗУРГОНИ МО

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Яке аз масъалаи мубрами рӯз, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин бемории сироятии коронавирус  мебошад.

Барои пешгирӣ аз сироятёбии ин беморӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш тасмим гирифтааст, ки дар байни мардум корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монад.  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҳарчи бештар бо аҳолӣ вохӯрию  суҳбатҳо мегузаронанд, то ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, аз ин вабои аср худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд.

Бо ҳамин мақсад дар маркази ноҳия ба сокинон 140 дона  ниқобҳои муҳофизатии чандкарата тақсим намуда, ба онҳо тарзи истифодабарӣ ва пешгирии ҳамагуна бемориҳоро тавсия доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg