КӮЛОБ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!” бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фалак” Холов Нурулло ҷиҳати муқовимат бо Коронавирус ба шахсони ниёзманд ёрии пулӣ расонида шуд. Зимни анҷоми ин амали хайрхоҳона шахсони ниёзманд миннатдории худро ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ин ташкилоти ҳизбӣ иброз намуданд.
Бояд гуфт, ки анҷоми чунин иқдомҳои хайрхоҳона минбаъд низ аз тарафи аъзову ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба таври мунтазам ба роҳ монда шуда, ба ин васила онҳо барои дастгирии мардум дар чунин вазъият саҳмгузорӣ карда истодаанд.