БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУС - ХАТАР БА ГЕНОФОНДИ МИЛЛАТ!!!!

КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат - бақои давлат!” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб корҳои огоҳоникунонии аҳолӣ аз бемории сироятии коронавирус  бурда шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин  аксия пешгирии паҳншавии COVID – 19 ва огоҳонидани аҳолӣ оид ба самаранок истифода намудани ҳар як қитъаи замин буда, аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздикии 200 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас  карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни баргузории ин аксия  шаҳрвандонро хотиррасон карданд, ки  ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳалли худ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg