БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШТИ ДОНАИ УМЕДИ ФАРДО

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба шумор меравад, ки дар ин самт кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳиявӣ пайваста тадбирҳои судмандро мавриди амал қарор медиҳанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бобати истифодаи самараноки заминҳои  наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои ёрирасони назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо назардошти шароити мусоид ва рӯзҳои мусоиди  баҳорӣ дар самти кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили картошкаю  сабзавот ва лӯбиёгиҳо пайваста чораандешӣ карда, корҳои назаррасе  анҷом дода шуданд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз якчанд заминҳои наздиҳавлигӣ ва  аз тарзи обчакорӣ ва истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замини хоҷагидорони деҳаи Кишти Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов аз наздик шинос шуда,  ба сокинон ва  хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.

Дар рафти боздид аз заминҳои наздиҳавлигӣ ба сокинон варақаҳои тавсиявӣ ва Муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон доир ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва риояи гигиенаи шахсӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg