БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД БАҲРИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи “Талбак Садриддинов”-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оид ба  вохӯрӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ноҳияи Қубодиён  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раисони ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритуз, Қубодиён ва фаъолони ин ноҳияҳо маҷлис баргузор гардид.  Миралиён Қиёмиддин  дар суҳбат  атрофи суханронӣ ва  дастуру супоришҳои  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар бораи хатар ва пешгирии бемории сироятии  (COVID - 19) коронавирус, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки татбиқи дастуру супоришҳои болозикр вазифаи  ҳар як шаҳрванди ватандӯст буда,  моро лозим аст, ҳарчи зудтар  бо баргузории  корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни  сокинон  ҷомеаро аз ин вабои аср  наҷот бахшем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg