БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ЧӢ БОЯД КАРД?

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  назардошти  он, ки вируси даҳшатноки  коронавирус   дар  кишвари  мо  низ  доман  паҳн  карда  истодааст, гурӯҳи  кории назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Муроҷиатномаи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар  байни  мардум бо  усули  «хона  ба  хона» боз  ҳам  пурзӯр  намуда, риояи  гигиена  ва  оромона  ҳаёт  ба  сар бурданро  талқин  карда  истодаанд. Чорабинии навбатии ҳизбӣ  дар  деҳаи Ҳайдарободи   Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  бо  усули  «хона  ба  хона» баргузор гардида, масъулин роҳҳои  пешгирии бемории  коронавирусро ба  сокинон фаҳмонида, таъкид  карданд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд,  дар  ҷойҳои  ҷамъиятӣ  масофаро риоя  намоянд, худ  ва  дигаронро  аз  ин  беморӣ ҳифз кунанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg