ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба самараноку оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо сокинони деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баргузории чорабинӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бодомов Назрулло қайд кард, ки солимии ҳар яки мо аз риояи гигиенаи шахсӣ ва худи мо вобаста аст. Дар шароите, ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир дар роҳи беҳдоштӣ мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардида, солимии миллатро боигарии давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинони деҳа ниқоби тиббӣ ва маводҳои антисептикиро ба тариқи ройгон баҳри муҳофизат аз бемории коронавирус дастрас намуда, таъкид карданд, ки дар шароите, ки додугирифт миёни кишварҳо ба ҳадди минималӣ расидааст, мо бояд аз пештара зиёд дар фикри таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани оилаамон бошем. Бо ин мақсад аз заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагӣ самаранок истифода барем.