ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҳарчи бештар ба дарки сокинон расонидани моҳияти бемории сироятии коронавирус бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаи Фирдавсии Ҷамоати шаҳраки Панҷ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуда, ба сокинон дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои корам маълумоти муфассал дода шуд.