БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО АҲОЛӢ ПУРЗӮР ГАРДИД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба мавҷудияти бемории сироятии коронавирус дар кишвар кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сокинон бо усули “хона ба хона” боз ҳам пурзӯр намуда, ҳамзамон истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзиро вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ба роҳ монда истодааст.

Инчунин, масъулин қайд намуданд, ки  саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст, аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст барои аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин мондан бояд қоидаҳои гигиениро риоя намуда, ҳамрӯза ғизои солим истеъмол намоем. Дар идома қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст ҳар  ваҷаб замини доштаи худро самаранок истифода намуда, барои рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол кӯшиш намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg