БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТАҶАМЪОНА COVID–19-РО АЗ БАЙН МЕБАРЕМ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии CОVID-19 аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак аз ҳавзаи интихоботии №10 Ғуриева Муслима ба якчанд нафар оилаҳои ниёзманди ҷомеаи кӯчаи ба номи Шамсулло Юсуфов  маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ кумак карда шуд.

Зимни дастрас намудани маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ Муслима Ғуриева  ба сокинон таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  ҳар яки моро зарур аст, ҳолатҳои беҳдоштиро хуб нигоҳ дошта, гигиенаи шахсиро риоя кунем, худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии ин  беморӣ бошад, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда мешавад. Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” ба сокинон таъкид карда мешавад, ки аз иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ намуда, гигиенаи шахсиро риоя намоянд, то худ ва наздиконашонро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg