БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ДАМИ ОТАШ ГУЗАШТЕД ЧУН СИЁВУШ...

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо, ки ҷаҳонро паҳншавӣ ва хатари сироятёбӣ аз бемории коронавирус  фаро гирифтаву ин вабо ҷаҳонгир шудааст, дар қатори дигар минтақаҳои сайёра Тоҷикистони азизи мо низ аз ин вабо орӣ нест. Имрӯз табибони ҳозиқ, фидоиёни роҳи миллат пойбанд ба қасами хеш устувор гардида, ҷони хешро ба хатар гузошта, ҳазорон нафарро табобат ва муолиҷа месозанд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  бо дастгирии соҳибкорони муваффақу ватандори ноҳия ба оилаҳои 15 нафар табибону ҳамшираҳои тиб ва фаррошони шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия маводҳои хӯрока кумак расонида шуд. Иқдоми мазкур пайваста амалӣ карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg