БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН ХОКИ ВАТАН БА ДУРУ ГАВҲАР НАДИҲАМ

ВОКУНИШ. Рӯзи 8 майи соли 2020 соати 17:05 шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи ба номи Ибодулло Файзуллоеви Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд бидуни иҷозати мақомоти маҳаллӣ кишти зироатро дар масоҳати 4 гектар  оғоз карданд. Бо мақсади пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон огоҳ карда шуданд, ки минтақаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва бояд онҳо ин минтақаро тарк кунанд. Аммо ҷониби қирғиз беш аз 80 нафар сокини маҳаллаи Коктоши Ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодкандро ба ин муноқиша ҷалб ва таҳрик намуд. Онҳо ба тарафи сокинони Ҷамоати Чоркӯҳ санг партофта, аз силоҳи оташфишон истифода карданд.

Ба ин амали ғаразнокашон нигоҳ накарда, ҷониби қирғизҳо, яъне  30 нафар хизматчиёни постгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии «Ботканд» ва 10 корманди ШВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷои ором намудани вазъият, амалҳои иғвогаронаи сокинони қирғизро пуштибонӣ карда, аз автомату пулемётҳои Калашников ба сӯи мардуми осоиштаи Тоҷикистон тир парронданд.  

Ҳолатҳои пай дар пайи анҷомдодаи ҷониби Қирғизистон дар сарҳади Тоҷикистон боварию эътимод ва дӯстии ду миллатро хатарзо намуда истодааст. Ба ҳуҷумҳои қаблии ҷониби қирғизҳо мо-ватандорон чашм пӯшида, гузар кардем, лек бархе аз мақомотҳои ҷониби Қирғизистон хубии моро ба ҷойи хушомад ва дӯстии моро ба ҷойи хиёнат ташбеҳ дода, дидаву дониста сарҳади ду давлатро халалдор сохтанд, ки дар ин кашмокашӣ низ ҷониби Тоҷикистон осеб дидааст.

Ба ҷониби Қирғизистон ҳамчун як шаҳрванди вафодори тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниам, ки “Мо хоки Ватан ба дуру гавҳар надиҳем” замин он тараф истад. Барои як порча замин шуда муносибати миёни ду давлатро барҳам насозед, зеро ки мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳанд.

Зимнан, ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Муносибатҳои ҳамсоягӣ, дӯстиву бародарии тоҷикону қирғизон таърихи зиёда аз 4 асра дорад.

Бовар дорем, ки ҷониби қирғизҳо дар ин дафъа мантиқӣ рафтор намуда, барои аз байн рафтани масоили муноқишаҳои марзӣ амиқан ақли солим ғалаба менамояд ва дар заминаи таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ, гузашткунӣ бо назардошти дурнамои рушду нумуи халқи тоҷику қирғиз ҳалли адолатноки худро меёбад, зеро ки бахшиш аз бузургон гуфтаанд.

Абдуллозода Саёҳат,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg