ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемории коронавирус бо усули « хона ба хона» бо сокинони деҳаи Наврӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Масъулин ҳангоми тақсимоти маводҳои таблиғотӣ сокинонро таъкид карданд, ки ба таҳлука наафтида, гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намоянд, аз иштирок дар ҷойҳои серодам бе зарурат худдорӣ кунанд ва ба меҳнати софдилона машғул гардида, аз заминҳои зархез ҳосили фаровон ба даст оранд.