ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус дар кӯчаҳои ба номи Н. Файзалиев ва Х.Давлатови Ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба сокинон ниқобҳои муҳофизатии чандкарата ва буклетҳоеро, ки дар онњо тавсияҳо барои пешгирии коронавирус дарҷ гардидаанд, дастрас карданд. Барои саломатии худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доштан ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода шуда, аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад. Ҳамаи моро зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои душвор ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои солимии ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум тамоми чораҳоро андешида, ҳар ваҷаб хок ва ҳар қатра оби ин сарзамини аҷдодиамонро самаранок истифода барем. Ҳамзамон, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ёрирасон ва заминҳои хоҷагии деҳқониро хубу самаранок истифода бурда, ҳам бозори дохилӣ ва ҳам таъминоти зиндагии худро таъмин намоем.