БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКИ НАВБАТӢ БА БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати кумак ба муассисаҳои тиббӣ бо дастгирии бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва ҷалби  соҳибкори муваффақ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ризоев Нуралӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия  оид ба риояи қоидаҳои муҳофизат аз сироятёбии бемории коронавирус (COVID-19)     20000 дона ниқоби муҳофизатӣ, 10 литр маҳлули безараргардонӣ, 500 дона дастпӯшак, 50 дона хилъатҳои махсус ва дигар маводҳои лозимӣ  кумак расонида шуд. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз ин дастгириҳои пай дар пайи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ва соҳибкори ватандӯст Ризоев Нуралӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии њизб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ва дар ошёнаи дуюми мағозаи “Тавҳид”-и ноҳия сехҳои дӯхти ниқоби муҳофизатӣ бо номи «Мунира» ташкил карда шуд, ки зиёда аз20 нафар занону духтарони хонашин ба корӣ доимӣ ҷалб карда шуданд.

Барои пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани ин вабои аср дар тамоми саросари кишварамон корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд,  аз ҷумла дар ноҳияи Вахш низ тамоми ташкилоту муассисаҳо барои солимии ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg