БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕШТАР БА ВАРЗИШ ВА ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ МАШҒУЛ ШАВЕД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо гурӯҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба пешгирӣ намудан аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятӣ, махсусан коронавирус фаъолияти пурсамар доранд. Гурӯҳи корӣ  дар якҷоягӣ бо Кумитаи маҳаллаи ба номи Умари Хайём бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, огоҳиномаро ба сокинон дастрас карданд. Дар чорабинии ҳизбӣ гуфта шуд, ки мувофиқи тавсияи  мутахассисони соҳаи тиб  то ба эътидол омадани  вазъи эпидемиологӣ риояи гигиенаи шахсӣ  дар оила, мунтазам шустани дастон бо собун, коркарди ашёҳои истифодашаванда,  поккорӣ дар  манзили зист ва гирду атрофи он,  истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ,  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риояи фосилаи  на кам аз 1,5 метр  аз дигарон, безарурат аз хона  набаромадани шахсони аз 60 сола боло, ба рӯю  бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бештар ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим машғул шудан, бо даст салом накардан,  ба кӯдакону наврасон дар давраи таътил тавсияи хониши  китобҳои бадеӣ, аз ҷумлаи таъкидҳое мебошанд, ки аз сироятёбӣ ва интиқоли бемории илтиҳоби шуш ва бемории коронавирус мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg