БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД

АНДЕША. Иди Ғалаба ҷанг, ҳодисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зӯрӣ давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд.

22 июни соли 1941 Қувваҳои мусаллаҳи Германия ногаҳон бе эълони пешакии ҷанг ба Иттифоқи Шӯравӣ ҳуҷум карданд. Роҳбарони сиёсии Германия нақшаи ҳуҷумро, ки бо номи рамзии «Барбаросса» буд, тасдиқ намуданд. Ин нақша, яъне ҷанги «Барқосо» бо мақсади дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Армияи Советӣ ба миён омад. Новобаста аз омодагии амиқ  ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бонангу номуси Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи советӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиёти ҷангӣ: Ленинград, Москва, Украина, Курск, Днепр  ва ғайра бо қурбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қўшунҳои фашистиро маҳв месохт.  Нерӯи тавонои мардум рўҳи «шикастнопазири» душманро шикаст.  8 - майи соли 1945  Германия ба санади таслимшавӣ  имзо гузошт.  Баъди 9 - май рӯзи иди  Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ  гардид.  Хушбахтона, халқи тоҷик, бахусус, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳубин ва кўмак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  чораҳои мушаххаси амалӣ андешида истодааст. Онҳо аз имтиёзҳо бархӯрдор буда,  кўмакпулӣ мегиранд. Ба барҷомондагон дар ҷои иқомат хидмат расонида мешавад.

 Ҳар сол иди Ғалаба бар фашизм ботантана ҷашн гирифта мешавад. Албатта,  зинда доштани ин санаи таърихӣ вазифаи муқаддаси мост. Касе  ҳақ надорад, ки онро фаромӯш созад.  Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд.

 Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg