ВОКУНИШ. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар вазъияти бениҳоят печидаву ногувор ва мушкил қарор дорад.
Дар баробари мушкилиҳои глобалӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, ҷангу низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва амалҳои террористиву экстремистӣ, инчунин пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои аср – коронавирус (КОВИД-19) вазъияти ҷомеаи ҷаҳониро боз мушкилтар сохтааст.
Бемории коронавирус қариб тамоми давлатҳои дунёро фарогир буда, бо зиёд шудани ин беморӣ ба ин давлатҳо зарари ҷиддии ҷониву молӣ расонида истодааст.
Ҳатто давлатҳое, ки аз ҳама лиҳоз рушдкарда мебошанд, бо зиёдшавии ин бемории сироятии хатарнок ба ҷони инсон ба мушкилиҳои вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида истодаанд.
Муттаассифона, ба Тоҷикистони азизи мо низ ин беморӣ ворид гардид. Лекин то воридшавии ин беморӣ дар кишвар аз тарафи Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳо андешида шудаанд, ки ин ҳама чораандешиҳо барои мубориза бар зидди коронавирус равона гардидааст.
Дар ин миён ҳастанд нафароне, ки бо мақсади ба таҳлукаву воҳима овардан байни мардум хабарҳои дурӯғро паҳн месозанд ва ин хабарҳоро ба манфиати хеш истифода мебаранд.
Масалан, Кабирӣ ва чанд калавандаи дигар худро “фолбин” нишон додаву бо пешгӯиҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам ин вирус меояд ва инак омад дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ доду фарёд зада истодаанд. Ҷои пӯшида нест, ки ин вируси корона он гунае хатарнок аст, ки қариб ягон гӯшаи ҷаҳон аз он эмин нест. Ва эҳтимолият буд, ки бе гуфтаи Кабирии лаънатхондаи миллат ба Ватани азизи мо ворид гардид. Бубинед ҳатто давлатҳои абарқудрат садди роҳи паҳншавии онро гирифта натавонистанд. Аммо тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд доштанд, ки “Мардуми Тоҷикистон дар таърихи начандон дури худ низ рӯзҳои аз ин душвору сангин – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар дохили кишвар гуреза шудани садҳо ҳазор нафар одамон, гуруснагӣ, инчунин, паҳншавии ҳаргуна бемориҳои сироятиро аз сар гузаронидааст”. Ин мушкилии натанҳо ба сари миллати тоҷик, ба сари тамоми миллатҳои дунёомада бартараф мегардад. Дер ё зуд доруву дармон зидди ин вабои аср дарёфт мегардаду инсонҳо бо он муолиҷа мешаванд. Аммо бадхоҳону тирабинон рӯяшон дар ду дунё сиёҳ мемонаду бо чизе онро пок карда наметавонанд.
Фикр мекунам мардум ба ин фолбиниҳо ва фитнапарокании чанд наҳзатии лаънативу чанд калавандаи дигар одат кардааст ва чунин мешуморанд, ки чун вазифаи саг ҷакидан аст, бигзор ҷакидан гирад.
Мардум аз хурд то бузург кайҳо боз ниқобивазкунӣ ва мардумфиребии онҳоро натанҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ ҳам омӯхтааст ва пушти кадом ниқобе, ки паноҳ мебаранд, аллакай кӣ буданашон аён аст. Аз ин рӯ, имрӯз халқи тоҷик бо ҳамовозӣ мегӯянд, ки “Марг бар наҳзатиҳо ва дигар бадхоҳони миллати тоҷик!”.
Дар чунин ҳолати хатарбор аз мардуми кишвар даъват ба амал меорам, ки мо бояд сарҷамъу муттаҳид ва дастгири якдигар бошем, чунки мо аз он мардумоне ҳастем, ки аз ин дида рӯзҳои сахту сангини ҳаётро аз сар гузаронидаем ва инро ҳам паси сар хоҳем кард.
Ниёзӣ Акбар, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб