БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДИГАР БА ФИТНАПАРОКАНИИ ХИЁНАТПЕШАҲОВУ ВАТАНФУРӮШОН БОВАР НАДОРАНД

ВОКУНИШ. Яке аз мушкилоте, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ин хуруҷи бемории сироятии коронавирус мебошад. Бо пайдо шудани ин беморӣ тавре шоҳидем, садҳо ҳазор одамон гирифтори ин бемории сироятии хатарнок гардидаву даҳҳо ҳазори дигар ҷони худро аз даст дода истодаанд.

Аммо аз ҳамин вазъияти мушкили ногувори сатҳи ҷаҳонӣ истифода бурда, наҳзатиёни хоини ватанфурӯш ва сагони сафроии шикамқарор ва равона аз дунболи хоҷагони иҷбориашон бо амалҳои муғризона ва иғвоангезона ҷилу пӯсташонро дигар намуда, тавассути шабакаҳои гуногуни интернетӣ мардумро ба таҳлуқа оварданианд.

 Яқин аст, ки ин шармандаҳои гумному гумнасаб ва беаслу нажод, ки ҳар лаҳза худро бо ҳар навъ ғамхору наҷотбахши касеву чизе муаррифӣ кардан мехоҳанд, аз ин вазъи ногуворе, ки тамоми кишварҳоро ба ташвиш овардааст, истифода бурдан мехоҳанд. Лекин ин наҳзатиҳои лаънатӣ боре фикр карда бошанд, ки аз рӯзи фаъолияташон то имрӯз барои халқ ва миллати тоҷик кадом кори хайрро анҷом додаанд ва дасти тоҷику тоҷикистониро аз рӯйи шафқату раҳмат гирифтаанд, ба ҷуз дасисаандозӣ, ки имрӯз аз онҳо хоҳиши дастгирӣ менамоянд. Ин нотавонбинони бадкин ободию пешравии Тоҷикистонро дида, худ ба худ мурда истодаанд ва бо ин иғвоҳои беасосу бесаводонаашон бори дигар кӣ будани худро исбот намуда истодаанд.

Ҳамин шабу рӯзе ҳаст, ки тамоми мардуми дунё бар зидди вабои аср – коронавирус муборизаи беамон бурда истодаанд. Ҳолати бавуқуъомада инсониятро водор месозад, ки дар паҳлўи якдигар бошанд ва дасти кӯмак ба якдигар дароз кунанд. Дар чунин шароити вазнин касе, ки метавонад якдигарро кўмак расонида истодааст. Аммо наҳзатиҳои аз Худо бехабару дарбадаршуда шарм надошта, дар чунин вазъият корашон воҳимаву таҳлукандозӣ миёни мардум. Фикр мекунам, ин рафторе, ки наҳзатиён дар чунин ҳол карда истодаанд, ҳатто яҳуду бутпараст бар болои душмани худ намекунанд.

Итминони комил дорам, ки ин хоинони ба лаънати халқ ва Худо гирифторшуда дар ягон вақт наметавонанд ба мақсадҳои нопокашон расанд.

Дар фарҷом ба тамоми сокинони бонангу номуси диёри азизам гуфтаниам, ки мо бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳимаву ҳангомасозиҳои ҳар хоину ватанфурӯш дода нашавем, босабру ботаҳаммул, ҳушёру зирак бошем ва дар паҳлўи якдигар истода, аҳлона кор кунему заҳмат кашем. Мо миллате ҳастем, ки иродаи шикастанопазир дорем ва аз ҳамагуна мушкилотҳои вазнини зинадагӣ баромадаем ва хоҳем баромад.

Саидов Мирзоалӣ, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg