ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ бо тақсимоти ниқобҳо ва маводҳои таблиғотӣ бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии ин вирус ва ҳамчунин оқилона ва мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон бо сокинони маҳаллаи ба номи Камоли Хуҷандии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ба роҳ монда шуд.
Масъулин дар рафти чорабинии мазкур қайд намуданд, ки бемории сироятии COVID-19 дар як муҳлати кӯтоҳ зиёда аз 210 давлати сайёраро убур карда, сироятёбиаш аҳли оламро то ба ҳол ба коми худ кашида истодааст.
Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки тоҷвирус аз шахси бемор ба солим одатан ба воситаи чакраҳои луобу оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус доранд, дар вақти гап задан, атса задан, сулфа кардан мегузарад. Ҳангоми сулфа кардан дар атрофи бемор дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки барои атрофиён хеле хатарнок аст. Инчунин, ҳар чизе, ки бемор дар наздикии он қарор гирифта буд ё даст расонид, метавонад манбаи вирус ва сироят гардад.