ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар кӯчаю гузаргоҳҳои маркази ноҳия аз тарафи кормандони масъули соҳаи безараргардонӣ корҳои безараргардонӣ ба воситаи дорупошӣ гузаронида шуд, ки аз ин иқдоми нек сокинон изҳори миннатдории хешро ба ҳизбиён баён доштанд. Инчунин, ба ин монанд бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамарӯза бо усули “хона ба хона” роҳандозӣ гардида, шаҳрвандон оид ба пешгирии бемории хавфноки коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ раҳнамоӣ карда шуданд. Чунин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои болозикр бомаром идома дорад.
Архивӣ Моҳона
- Август 2019 (466)
- Июл 2019 (493)
- Июн 2019 (462)
- Май 2019 (625)
- Апрел 2019 (486)
- Март 2019 (477)
- Феврал 2019 (503)
- Январ 2019 (477)
- Декабр 2018 (532)
- ноябр 2018 (532)