ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар кӯчаи ба номи МирзоТурсунзодаи шаҳраки Фархор бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Ҳамзамон, ба оилаҳо ниқобҳои яккарата ва варақаҳои тарғиботӣ оид ба мавзўҳои болозикр дастрас карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки заминҳои наздиҳавлигиашонро самаранок истифода бурда, кўшиш намоянд, аз заминҳояшон ду-се ҳосил гиранд.