
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Абдуллоев Мирвоҳид муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо ихтиёриёни назди Кумитаи иҷроия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Абдуллоев Мирвоҳид оид ба ҳуқуқ, уҳдадориҳо, вазифа ва тартиби пӯшидани либос бо волонтёрон андешаронӣ карда, ба иштирокдорон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”-ро дастрас намуд.
Дар навбати худ волонтёрон ба суолҳои худ оид ба фаъолияташон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.