КӮЛОБ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус Аксияи таблиғотиро таҳти унвони “хона ба хона” доир намуданд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Умар дар рафти баргузории Аксияи тарғиботӣ ба шаҳрвандон таъкид намуд, ки бо ниқоб рӯйпӯш намудани рухсораҳо, саривақт шустани дастон бо собун аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист. Зимни баргузории ин Аксия дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздики 280 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.