БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕД!

КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021)  Дар ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” оид ба баргузории  корҳои ободонию созандагӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирии касалиҳои сироятӣ  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  вохӯрӣ доир гардид.

Саидов Умар мудири шуъбаи иттилоот, матбуот ва таҳлили  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб аз рафти ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоӣ дидан намуда, барои бартараф кардани камбудиҳои  ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод. Зимнан оид ба роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд дошт, ки роҳи наҷот аз ин бемории сироятї танҳо риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳалли зист мебошад. Ҳамзамон оид ба   сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва истифодаи самараноки  қитъаи замин бо иштирокдорон суҳбатҳо  анҷом дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg