КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Ғалаба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, ба онҳо туҳфаи молиявӣ таќдим намуд.
Ҳамчунин, мавсуф зимни суҳбат қайд намуд, ки қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бемисл буда, корномаи онҳо ҳаргиз аз хотир фаромӯш нахоҳад шуд. Аз ин иқдом иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ хурсанд гардида, минатдории худро ба давлату ҳукумат, инчунин, ба роҳбарияти олии ҳизб баён намуданд.