БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ҲАР ШАХС АЗ ХУДИ Ӯ ВОБАСТАГӢ ДОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи  Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ(2020-2021) Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва иштироки намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар бозорҳои марказии шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Даст ба даст” ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур аз ҷониби аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  буклетҳои муроҷиатномаи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода  Қурбон оид ба пешгирии  бемории сироятии коронавирус ва паст бурдани нархи озуқаворӣ ба саҳми шаҳрвандон расонида шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ аз тамоми сокинони шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки  табиби ҳар шахс худи ӯст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg