БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Таҳти раёсати Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу  дар маҷлисгоҳи  Кумитаи иҷроия  машварати корӣ анҷом дода шуд. Нахуст,  мавсуф таассуроти худро аз ҷаласаи назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, ки нимаи аввали ҳамин рӯз дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид,  баён дошт.

Қайд намуд, ки  ҷиҳати мубориза бар зидди  коронавирус моро зарур аст  бо мақсади пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии он дар  деҳаву маҳаллаҳо, аз ҷумла дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, махсусан аз ниқоб истифода намудан ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зисту коргоҳҳо ва дастрас намудани  маводҳои антисептикӣ чораҳои зурурӣ андешем.

Дар баробари ин Ҳамидиён Орзу  маоши якмоҳаи худро барои мубориза бо коронавирус равона сохт. Дар пайравӣ ба ин, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб низ тасмим гирифтанд, ки баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза алайҳи ин вируси марговар якрӯза маоши худро ҳамчун кӯмак ба  суратҳисоб ҷиҳати мубориза бо коронавирус гузаронанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg