БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАХСОНИ НИЁЗМАНД ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

КӮЛОБ. Дар доираи  Аксияи ҳизбии  “Ҳамватанони  маъюбу бепарастор ва ятимон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд”.  Дасти кўмак дароз намудан ба шахсони ниёзманд аз амалҳои хайру савоб буда, яке аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Дар ин рӯзҳои ҳассос яке аз аъзои фаъоли ҲХДТ, раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Саидов Мирзоалӣ дар пайравӣ бо иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ба аёдати як оилаи  ниёзманд рафта, ба онҳо кўмаки яквақтаинаи моддӣ расонид. Аз ин иқдоми хайрхоҳона аёдатшудагон хурсанд гардида, пеш аз ҳама, дар ҳаққи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони саховатпеша дуои нек намуданд.

Чунин иқдомҳои хайрхоҳона минбаъд низ аз ҷониби фаъолон, аъзову ҷонибдорони ҳизб ва шахсони саховатпеша, ки аз сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дастгирӣ менамоянд, идома дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg