КӮЛОБ. Дар доираи амалишавии аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем”
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроия Аксияи ҳизбиро бо усули “хона ба хона” баргузор намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии ҳизбӣ пешгирии бемории коронавирус (Covid-19) буда, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроия ба аҳолӣ наздикии 200 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.