ВОКУНИШ. Ҳар касе, ки имрӯз ақли солим дорад, дар бораи сирояти коронавирус фикр накарда наметавонад. Инро вазъият тақозо мекунад.
Дар кӯчаву бозор, дар корхонаву суҳбати сарироҳӣ ҳама дар бораи ин офат ҳарф мезананд. Дарвоқеъ, солимӣ барои инсон беҳтарин дороӣ аст. Дар ҳолати хатарзо андешае беш аз саломат зинда мондан ба сар намеояд. Аммо махлуқҳое ҳастанд, ки ба номи инсонӣ намеарзанд, аз ин вазъияти ночори мардум сӯистифода мекунанду ба сари роҳбарону масъулон санг мезананд.
Ҳоло вақти таънаву маломати якдигар нест. Танҳо кинаҷўву беинсофтарин одам дигаронро айбдор мекунад. Аз дур тамошо карда, таҳлилу шарҳ додани ҳолати мардум тавассути интернет воқеӣ нест. Шеъри Бузургмеҳри Баҳодур маҳз дар ин бора аст:
Тоҷико! Бошӣ чунин беиттиҳод,
Мезанад девона санги интиқод.
Шери бедандон агар бошӣ, чӣ суд?
Рўбаҳе ҳаҷват кунад, фарёдбод!!!
Собиқ намояндагони Ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом бо саркардагони худ ҷор мезананд, ки роҳбарияти кишвар сироятшавии аҳолиро бо коронавирус нодида гирифтанд. Табиист, ки хиёнаткорони Ватан дар Аврупо панаҳ бурдаанд. Ба чӣ будани пандемияро натанҳо дидаанд, балки дар худ эҳсос кардаанд. Шояд тарсу ҳарос барои ҷони хеш онҳоро водор мекунад, ки дар ғарибию бозичаи дасти хоҷагони хориҷиашон бештар дар ин бора андеша кунанд. Агар ин қадар ғамхори миллату Ватан буданд чаро ба ин халқу сарзамин хиёнат карданд? Имрӯз бонг мезананд, ки роҳбарони соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои табобати беморон чораҳои фаврӣ намеандешанд? Аз фавти ҳаммиллатон дар изтиробед?! Чаро солҳои навадум пеш аз таҳияи ҷанги шаҳрвандӣ бо дастури роҳбарони хориҷиашон аз куштори оммавӣ фикр накардед? Ҳазорҳо одамони солиму бегуноҳро қатл кардед. Кори Шумо аз пандемияи коронавирус ҳам монданӣ надошт. Имрӯз баҳонаи вирус худро ватандор нишон медиҳед. Худатон шахсан барои ҳалли масъалаи ташвишовар чӣ кор кардед? Шояд аз ҳисоби гранту сарпарастии ҳамкорони террористатон ба беморе кўмаке кардед? Беморхонаи ободи ноҳияи Рӯдакиро ба коми тиҷорату суди хеш фурў бурдед. Ҳоло тавсия додан мехоҳеду вазъиятро танзим? Беҳтараш дар бораи худатон фикр кунед.
Коронавирус макри зиёд дорад. Қабзаи марг дорад. Худо медонад, ки кадоме аз мо сироят мешавему раҳоӣ намеёбем. Мардум вақти шунидани сафсатаҳои шуморо надорад. Ҳоло вақти мубориза барои ҳаёт аст. Фақат тафовут дар як чиз аст. Мо дар Ватан, хоки зодгоҳамон насибамон мешавад, аммо шумо чӣ? Дуо мекунам, ки ҳеҷ касро ба ҳоли Шумо наандозад. Зеро инсоният ин ваборо ҳам мисли дигар сироятҳои асрҳои гузашта паси сар мекунад. Вале муттаассифона ин маризии Шумо даво надорад. Дар ин шабу рўзе, ки тамоми башарият масъалаи солимиро дар мадди аввал гузоштааст, танҳо Шумо ҳастед, ки ҳамоно пайи ғаразҳои сиёсии худ ҳастед. Дар зарбулмасали тоҷикӣ андарзи хубе ҷой гирифтааст: “Мурдаро монда тутхўрӣ”. Аққалан дар ҳамин рӯзҳои фоҷиабори мардуми ҷаҳон аз ғаразҳои сиёсии иғвоангезӣ даст мекашидед, аз адолат мебуд.
Д. Маҳкамова, узви ҲХДТ аз шаҳри Бохтар