Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ин истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ пайваста тадбирҳои судмандро мавриди амал қарор медиҳанд. Дар ин росто ва бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бобати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои ёрирасони назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо назардошти шароити муфид ва рӯзҳои баҳорӣ дар самти кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили картошкаю сабзавот ва лӯбиёгиҳо пайваста чораандешӣ карда мешавад. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии «Роҳсозон» дар қитъаи замини ёрирасони назди корхона бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоӣ кишти картошка ба роҳ монда шуд, ки дар оянда бобати истифода ва мусоидат ба шароити маишии кормандон мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, ба кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур моҳияти пешгирӣ ва ҳифозат аз бемории коронавирус тибқи тавсияи мутахассисон, аз ҷумла риояи беҳдошти шахсӣ маслиҳат дода шуда, ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ оид ба пешгирии короновирус дастрас карда шуд.