БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУСИ COVID-19 НАҲАРОСЕД!

АНДЕША. Торафт  доман паҳн кардани вируси хатарафзо (коронавирус), ки одамони  саросари оламро имрӯзҳо ба ташвиш овардааст,   оқибат ба кишвари маҳбуби мо ҳам омада расид.

Беҳуда сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳонӣ пайомадҳои нохуши ин вабои асрро оқибатҳои фалокатбори баъд аз ҷангӣ, яъне ҷанги дуюми ҷаҳонӣ наномидаанд. Ба таври ногаҳонӣ ва  бо суръати баланд  дар байни инсоният паҳн гардида, аз ҳар як бошандаи сайёра ҳушёрӣ, зиракӣ ва риояи гигиенаи шахсиро тақозо менамояд. Дар маҷмӯъ муборизаи дастаҷамъонаи инсонҳоро бар зидди ин вабо таҳрик менамояд.    

Вале ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои пешгирии беморӣ ин ба таҳлука наафтодану ором нигоҳ доштани асаб мебошад.

Дар ҳолати ба воҳима афтодани инсон ( стресс) боиси гум шудани иштиҳо ва хоб гашта,  ба кам шудани қувватноқӣ, яъне паст гаштани  иммунитет боис мегардад, ки ин бешубҳа оқибат  ба ҳар гуна бемориҳои дигари сироятӣ  мубтало гаштани инсон оварда мерасонад. 

Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳар рӯз тариқи воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ  ва телефонҳои мобилӣ (паёмак фиристонида мешавад) аз тарафи мутахассисони худиву байналмилалӣ оид ба риояи қатъии гигиенаи шахсӣ дар оила, тозагии хонаву ҳавлӣ  ва тозагии муҳити зист,  безараргардонӣ  тавсия дода мешавад, ки риояи онҳо  ҳатмӣ  мебошанд.

Ҳаминро ҳам фаромӯш набояд сохт, ки оқибатҳои нохуши чунин бемориҳои сироятӣ боиси бӯҳрони иқтисодию молиявӣ, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ  дар ҷаҳон мегардад, ки ин бӯҳрон ба  иқтисодиёти  кишвари мо ҳам бетаъсир нахоҳад монд.

Ҳоло дар ноҳияҳои кӯҳистон вақти кишти зироатҳои ғалладонагиву лӯбиёгӣ ва сабзавот аст. Бинобар ин, ҳар як сокини кишварро зарур аст, аз ин фурсати мусоид самаранок истифода намояд. Маҳсулоти лозима, аз ҷумла маводҳои хӯрокворӣ, ки алҳол барзиёд харидорӣ менамоем, яқин барои моҳе кифоягӣ  мекунаду халос, аз ҳамин хотир моро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намуда, баҳри беҳдошту  таъмини озуқа дар рӯзгору хоҷагиамон  барои як-ду соли оянда тадбирандешӣ намоем.

Мо ҳамчун  узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар гуфтанием, ки ба таҳлукаву воҳимаангезии душманони миллати тоҷик бовар накарда,   баҳри беҳдошти солимии  фардӣ ва ҷомеаи муосир тамоми нерӯи худро равона созанд. Зеро ободию пешрафти кишвари азизамон аз фаъолияти босуботи ҳар яки мо вобастагии амиқ дорад.

Ба ибораи дигар зиндагӣ идома дорад ва мо бояд барои худу насли оянда тамоми васоити беҳдошти зиндагиро самаранок истифода намоем.

Баҳринисо Қурбонова,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

        

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg