ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди навбатии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон ҳамзамон роҳбари Ситод оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ба аъзои ситод як қатор маслиҳатҳои судманд дода, ба гурӯҳи корӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа 1000 дона ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва як миқдор маводҳои антисептикиро дастрас намуд. Ҳамзамон, мавсуф дар бораи самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ фикру андешаҳои хешро баён дошта, таъкид кард, ки дар сурати самаранок истифода бурдани заминҳои мазкур дастурхон ва буҷаи оилаи сокинон ғанӣ мегардад.