БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶРОИ ВАКОЛАТҲОИ ВАКИЛӢ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Субҳи имрӯз аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати шаҳраки Панҷ  Намозова Гулбаҳор баҳри дастгирии сокинон  ба хотири пешгирӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” Аксияи ҳизбӣ гузаронида, ба сокинон ниқобҳои тиббӣ,  маҳлулҳои антисептикӣ ва огоҳиномаро  дастрас намуд. Дар ин миён мавсуф  сокинонро таъкид кард, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба кӯча танҳо дар ҳолати зарурӣ бароянд, дастони худро мунтазам бо собун шӯянд, гулӯву биниро бо намакоб чайқонанд, оби ҷӯши гарм нӯшанд, ба кӯча танҳо бо ниқоб бароянд ва тариқи дастфишурӣ салом накунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg