БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ НАМО!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба мавҷудияти  бемории коронавирус   дар  кишвар  гурӯҳи  кории назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ миёни сокинон   бо  усули  «хона  ба  хона» боз  ҳам  пурзӯр  намуда, риояи  гигиенаи шахсӣ  ва  оромона  ҳаёт  ба  сар бурданро  талқин  намуда,  ҳамзамон   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир  ба  роҳ  монда  истодааст.

Аъзои  гӯрӯҳи  корӣ  дар  деҳаи Наврӯзи   Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза   бо  усули  «хона  ба  хона» Аксияи ҳизбиро баргузор намуда,   ба  сокинон  роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирусро  фаҳмонида, таъкид  карданд, ки   қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд,  дар  ҷойҳои  ҷамъиятӣ  масофаро риоя  намоянд, худ  ва  дигаронро   аз   ин  беморӣ ҳифз  кунанд, инчунин  ба онҳо барои  пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсиявиро дастрас карданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg