Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба мавҷудияти бемории коронавирус дар кишвар гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миёни сокинон бо усули «хона ба хона» боз ҳам пурзӯр намуда, риояи гигиенаи шахсӣ, оромона ҳаёт ба сар бурданро талқин карданд. Инчунин, дар ин раванд истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир сокинонро даъват намуда истодаанд.
Ин навбат гурӯҳи корӣ дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбиро баргузор намуда, ба сокинон роҳҳои пешгирии бемории каронавирусро фаҳмонида, таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаро риоя намоянд, худ ва оилаашонро аз ин беморӣ ҳифз намоянд ва барои пешгирии беморӣ варақаҳои тавсиявиро дастрас карданд.
Ҳамзамон, масъулин оид ба амалигардонии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтану афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла вируси даҳшатноки «СОVID-19» андешаронӣ карда, истифодаи самараноки ҳар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Президентӣ, ташкили кишти зироатҳои хӯрока, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи онро барои ду сол таъкид карданд.