МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” баргузор намуда истодааст. Ин навбат кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо 80 нафар истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи А.Партоев оид ба масъалаҳои болозикр бо усули “хона ба хона” корҳои омафаҳмонӣ баргузор карда, ба воситаи ихтиёриёни назди намояндагии ТҶҶ “Cозандагони Ватан» ба миқдори 96 дона ниқобу маводҳои антисептикӣ доир ба пешгирии бемории короновирусро дастрас карданд.