БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ЁРИИ МЕТОДӢ РАСОНИДА МЕШАВАД

КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ  ҷиҳати пешгирии бемории хавфнок ва гузарандаи коронавирус ва аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ    корҳои фаҳмондадиҳӣ гузоронида истодаанд.

Чунин вохӯрӣ  дар ташкилоти ибтидоии   “Кафолат”   бо иштироки Насим Саидов ва Саидов Умар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб   гузаронида   шуд. Аввалан  ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоӣ аз назар гузаронида шуда, бо иштирокдорон мулоқот доир карда шуда, масъулин дар бораи моҳияти бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин мулоҳизаронӣ намуданд.

Дар фарҷом ба ҷамъомадагон тавсия дода шуд, ки чунин талаботҳои беҳдоштӣ, ба монанди  дастҳоро пайваста бо собун ва оби гарм шустан,  аз даҳонбанд истифода бурдан, бе зарурат ба ҷойҳои серодам нараванд, то ин ки  саломатии худ ва ҷамъиятро  ҳифз намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg