КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021)
Тайи чанд моҳи охир дар тамоми ҷаҳон бемории коронавирус васеъ паҳн гардида, сабаби фавти одамони зиёд гардидааст. Вобаста ба пешгирӣ ва афзоиши ин беморӣ дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи об” оид ба корҳои ободонию созандагӣ ва ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирии касалиҳои сироятӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз рафти ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоӣ дидан намуда, баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта маслиҳатҳои муфит доданд. Зимни баромади масъулин маълум гардид, ки коронавирус барои афзоиши бештар ҳуҷайраҳои қабати болоии узвҳои ҳозима ва нафаскаширо интихоб намудааст. Тартиби афзоиши вирус чунон ноаён аст, ки ба ҳуҷайра танҳо як вирус дохил гардида, фаъолияти онро боз медорад ва супориш медиҳад, ки қисмҳои он тавлид гардида, ҷамъоварӣ карда шаванд. Ҳамин тавр, дар муддати 18-24 соат зиёда аз 10-ҳазор вируси нав тавлид гардида, ҳуҷайра пурра маҳв гардида, боз ба ҳуҷайраҳои солим ворид мешаванд. Дар ин росто оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ба иштирокдорон тавсияҳо дода, вохӯрӣ бо саволу ҷавоби иштирокдорон ба анҷом расид.