БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ COVID – 19 МИЁНИ АҲОЛӢ ТАРҒИБ КАРДА МЕШАВАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “хона ба хона” ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин  Аксия пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID – 19 буда, аз ҷониби масъулини ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздикии 300 дона варақаҳои иттилоотӣ дастрас  карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни баргузории чорабинии мазкур  шаҳрвандонро хотиррасон карданд, ки  ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg