ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Наврӯз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои бештар маълумот пайдо кардани сокинон аз ин бемории хавфнок маводҳои таблиғотиро дастрас намуданд.