ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои ба дарки сокинон расонидани моҳияти сироятёбии бемории коронавирус дар маркази Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам бо усули «хона ба хона» доир намуда, ба онҳо ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои таблиғотиро дастрас карданд.