ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Одиназода Ҳуснигул бо аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ҷангалпарвар” бо усули «хона ба хона » суҳбату вохӯрӣ гузаронида, оид ба пешгирии вируси авҷгирандаи COVID – 19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо ниқобҳои тиббиро дастрас намуд.